Вазифаҳои холӣ

Vacansiya.jpg

ҶСК "Тавҳидбонк" барои ишғоли вазифаҳои холии зерин озмун эълон менамояд

1. Филиали Бонк дар ш. Бохтар:
- Сармуҳосиб – сардори Шӯъбаи амалиётҳои муҳосибӣ (1-ҷой);
- Ҳуқуқшинос – маслиҳатчӣ (1 ҷой);
2. Филиали Бонк дар н. Шаҳритус:
- Хазиначӣ – амалиётчии Шӯъбаи амалиётҳои муҳосибӣ (1-ҷой);
- Мутахассиси Бахши маблағгузории исломӣ (1-ҷой);

Талабот нисбати довталабон


Сармуҳосиб – сардори Шӯъбаи амалиётҳои муҳосибӣ (филиал дар ш. Бохтар)
Талаботҳо:
  • дорои маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • на камтар аз сесола аз рўи ихтисос дар сохторҳои иқтисодии низоми бонкӣ ё таҳсилоти дигари олӣ ва собиқаи кории на камтар аз даҳсола дар низоми бонкӣ;
  • доштани Шаҳодатномаи маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкдории исломӣ;
  • дониши хуб оиди қонунгузории соҳаи бонкии исломӣ;
  • дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, аз ҷумла стандарти байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • малакаи касбии кор дар барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
  • - донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

Ҳуқуқшинос-мутахассиси Хадамоти ҳуқуқ (филиал дар ш. Бохтар)
Талаботҳо:
  • маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ;
  • собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол, ҳамчун ҳуқуқшинос дар самти фаъолияти ҳуҷҷатгузории ҳуқуқӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, намояндаги дар суд, мақомотҳои қудратӣ, давлатӣ ва ғайридавлатӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва қонунгузории бонкӣ;
  • қобилияти дар сатҳи баланд таҳияи ҳуҷҷатҳои дохилӣ, лоиҳаи ҳамаи намуди аҳдҳо, омода намудани иддао ва аризаҳои даъвогӣ;
  • муносибати кушоду равшан ба масъалаҳои гузошташуда ва қобилияти саривақт иҷро намудани онҳо;
  • малакаи касбии кор бо компютер MS Office (Word, Excel, MFSys);
  • қобилияти таҳлиливу хулосабарорӣ;
  • ҳиссиёти баланди масъулиятнокӣ;
  • муносибати содиқона нисбати кормандон;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ афзалият дорад.

Хазиначӣ – амалиётчии Шӯъбаи амалиётҳои муҳосибӣ (филиал дар н. Шаҳритус)
Талаботҳо:
  • маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • собиқаи кории бонкӣ ҳамчун мутахассис на камтар аз 2 сол;
  • малакаи касбии кор бо компютер MS Office (Word, Excel, MFSys);
  • ҳиссиёти баланди масъулиятнокӣ;
  • муносибати содиқона нисбати кормандони бонк;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва қонунгузории фаъолияти бонкӣ.

Мутахассиси Бахши маблағгузории исломӣ (филиал дар н. Шаҳритус)
Талаботҳо:
  • маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • собиқаи кории бонкӣ дар соҳаи бонкӣ на камтар аз 2 сол;
  • дорои дониши молиявӣ, муҳосибавӣ, инчунин амалиётҳои маблағгузорӣ, депозитӣ ва асъорӣ;
  • дониши хуб оиди қонунгузории соҳаи бонкии исломӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер MS Office (Word, Excel, Power Point) ва
  • малака ва маҳорати муоширатӣ корӣ;
  • тарзи тафаккури таҳлилгарӣ;
  • омухтани бозор ва ояндабинии талаботи маҳсулоти бонкӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, қонунгузории фаъолияти бонкӣ.

Хоҳишмандон метавонанд Маълумотномаи худро (бо расм) ба почтаи электронии hr@tawhidbank.tj, m.burieva@tawhidbank.tj ва ё ба суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи С. Айни 4/1 ирсол намоянд. Барои маълумот муфассал - тел: +992 (44) 600 47 63, 600 47 77 - Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 15.03.2024с.
*Танҳо номзадҳои ба талаботҳо ҷавобгӯй барои даври минбаъдаи озмун даъват карда мешаванд.

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!