Амалиётҳо аз рӯи шартномаи МУЗОРАБА
МУЗОРАБА (МУДАРАБА) – аҳди шарикии ба боварӣ асосёфта мебошад. Бо мақсади гирифтани фоида яке аз шарикон сармояи худ (маблағҳои пулӣ) ва шарики дигар донишу малакаи соҳибкории худро пешниҳод менамоянд. Тарафе, ки сармоя пешниҳод менамояд - сармоягузор (рабб-ул-мол) номида мешавад ва тарафе, ки донишу малакаи соҳибкории худро пешниҳод менамояд–соҳибкор (музориб) номида мешавад. Фоида байни тарафҳо аз рӯи меъёри дар шартнома зикргардида тақсим мегардад. Зарар ба зиммаи сармоягузор (рабб-ул-мол) аст, бо шарте, ки дар идоракунии маблағ беэътиноӣ ва хунук-назарии соҳибкор (музориб) исбот нагардад.
Аҳди Музораба метавонад ҳамчун воситаи ҷалби амонату пасандоз ва воситаи маблағгузорӣ (қарздиҳӣ) истифода шавад.
Агар муштарӣ маблағҳои худро тибқи аҳди Музораба ба Бонк пешниҳод намояд пас дар ин ҳол муштарӣ ба ҳайси рабб-ул-мол ва Бонк ба ҳайси музориб баромад мекунанд. Рабб-ул-мол ва Музориб метавонад ҳам бонк бошад ҳам муштарӣ.
Намуди аҳдҳо аз рӯи шартномаи МУЗОРАБА
Музорабаи номаҳдуд
• Музорабаи маҳдуд,
МУЗОРАБАИ НОМАҲДУД – шартномаест, ки аз рӯи шартҳои он Бонк мустақилона ва бе ягон маҳдудият объекти маблағгузориро (ҷобаҷокунии маблағҳои ҷалбшудаи муштариро) мувофиқи донишу малака ва таҷрибаи худ дар доираи шартнома ва предмети шартнома, муайян месозад.

Шартномаи Музораба дар бонк бо мақсади ҷалби маблағҳои пулии муштариён истифода шуда, маблағҳои ҷалбшуда минбаъд танҳо ба он фаъолияти соҳибкорие, ки хилофи талаботи шариат нест равона карда мешаванд.

Аз рӯи шартномаи Музораба муштариён маблағҳои пулии худро бо шарти иштирок дар фоида ва зарар, ки Бонк аз ҳисоби истифодаи маблағҳо дар маблағгузорӣ бо принсипҳои исломӣ ба даст меорад, пешниҳод менамоянд
Андозаи тақсимоти фоида ва зарар пешакӣ аз рӯи таносуби 30:70, 40:60, 20:80 ва ғ. муайян карда мешавад.
Бонк ҳармоҳа ҳиссаи даромади аз ҳисоби маблағгузории маблағҳои ҷалбшуда ба даст омадаро ҳисоб менамояд. Фоида ба Муштариён мувофиқи шартҳои шартномаи Музораба ҳармоҳа, ҳарсемоҳа ва ё пас аз ба охир расидани мӯҳлати шартнома пардохт карда мешавад.

Гузоштани дархост

Формаро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!