Музораба

Музораба (Мудараба) –аҳди шарикии ба боварӣ асосёфта мебошад. Бо мақсади гирифтани фоида яке аз шарикон сармояи худ (маблағҳои пулӣ) ва шарики дигар донишу малакаи соҳибкории худро пешниҳод менамоянд. Тарафе, ки сармоя пешниҳод менамояд - сармоягузор (рабб-ул-мол) номида мешавад ва тарафе, ки донишу малакаи соҳибкории худро пешниҳод менамояд – соҳибкор (музориб) номида мешавад. Фоида байни тарафҳо аз рӯи меъёри дар шартнома зикргардида тақсим мегардад. Зарар ба зиммаи сармоягузор (рабб-ул-мол) аст, бо шарте, ки дар идоракунии маблағ беэътиноӣ ва хунукназарии соҳибкор (музориб) исбот нагардад (маҳсулоти мазкур метавонад ҳамчун воситаи ҷалби амонату пасандоз ва воситаи маблағгузорӣ (қарздиҳӣ) истифода шавад).  Навъҳои асосии музораба:
Музорабаи маҳдуд - соҳа ва объекти маблағгузорӣ аз ҷониби сармоягузор (рабб-ул-мол) муайян карда мешавад.
Музорабаи номаҳдуд – соҳибкор (музориб) дар интихоби соҳа ва объекти маблағгузорӣ соҳибихтиёр аст.


Мушорака

Мушорака(араб. – ҳамкорӣ, шарикӣ) - лоиҳаи якҷояи бонк ва  муштариён буда, ба гурӯҳи амалиётҳои фаъоли бонки  исломӣ шомил аст. Мутобиқи он тарафҳо бо мақсади маблағгузории лоиҳаи тиҷоратӣ, аҳди шарикӣ мебанданд. Фоида мутобиқи шартномаи басташуда тақсим мегардад. Зарар вобаста ба ҳаҷми саҳми шарикон байни онҳо тақсим карда мешавад.
Мушоракаи мутанақиса - шартномаи шарикӣ, ки мутобиқи он яке аз тарафҳо (шарик/шарикон) ҳиссаи тарафи дигарро (шарик/шарикон) мувофиқи шартҳои шартнома харидорӣ менамояд.
Ширкат –ул- ақд - корхонаи муштарак.
Ширкат- ал- мулк - соҳибмулкии шарикӣ.


ТаварруҚ

ТаварруҚ - баръакси Муробаҳа буда дар он муштарӣ молро бо назардошти изофапулӣ (ба мисоли Муробаҳа) аз бонк харидорӣ намуда дарҳол ба шахси сеюм мефурӯшад ва пули нақд ба даст меорад. Чун дар бонкдории исломӣ ҳангоми иҷрои амалиётҳои хариду фурӯши мол ба муштарӣ пули нақд пешниҳод намегардад, одатан ин аҳдро бо мақсади ба даст овардани пули нақд истифода мекунанд. Аммо нисбати дурустии ин аҳд аз нигоҳи Шариат байни олимон баҳсҳо зиёданд ва аксари онҳо таваруқро ҳамчун маҳсулоти ба меъёрҳои шариатӣ ҷавобгӯй надониста, истифодаи онро қобили қабул намедонанд. Ин аҳдро баъзан ивазкунандаи шартномаи қарздиҳии анъанавӣ меҳисобанд.


Муробаҳа

Муробаҳа – аҳдест, ки мутобиқи он бонки исломӣ бо дархости муштарӣ молеро аз фурӯшанда харидорӣ намуда, бо иловаи изофапулӣ (наценка) ба муштарӣ мефурӯшад. Муштарӣ имкон дорад, ки арзиши молро дар мӯҳлатҳои баъдӣ, давра ба давра (в рассрочку) пардохт намояд.
Дар аҳди Муробаҳа нархи хариди мол ва андозаи изофапулӣ (наценка) ба муштарӣ ҳатман нишон дода мешавад.


Қарзи Ҳасана

Қарзи Ҳасана(қарзи нек) - аҳде, ки тибқи шартҳои он бонки исломӣ, маблағи пулиро ба тарафи дигар (мизоҷ) бидуни ситонидани фоиз ва изофапулӣ бо шартҳои бозгардонии маблағи қарзи асосӣ ё бо мақсадҳои хайрия, пешниҳод мекунад (маҳсулоти мазкур метавонад ҳамчун воситаи ҷалби амонату пасандоз ва воситаи маблағгузорӣ (қарздиҳӣ) истифода гардад).


Вади'а

Вади'а (Wadia) - шартномаи нигоҳдорӣ, ки мутобиқи он бонки исломӣ метавонад маблағҳои боварӣ кардашударо истифода бурда, бо дархости аввалини амонатгузор онҳоро баргардонад. Амалиётҳо аз рўи шартномаи вади'а дар суратҳисобҳои дархостӣ инъикос гардида, аз рӯи онҳо фоида ҳисоб карда намешавад. Бонки исломӣ метавонад дар навбати худ барои истифодаи маблағҳои амонатии амонатгузор ба ӯ тӯҳфа (ҳиба) пешниҳод намояд.
Вади’а ду навъ мешавад:
Вади’а Йад Амана (нигоҳдории сейфӣ) - шартномаи нигоҳдории ба боварӣ ва кафолат асосёфтаи маблағҳои пулӣ ё дигар ашёи қиматноки амонатгузор дар бонки исломӣ мебошад. Бонки исломӣ ҳуқуқи ихтиёрдорӣ ва истифодаи предмети (дороиҳои қимматнок) нигоҳдоришавандаро надорад. Бонк метавонад танҳо дастуру супоришҳои амонатгузорро оид ба предмети мазкур иҷро намуда барои ин амал ҳаққи хизмат талаб намояд.
Хизматрасонӣ аз рӯи шартномаи Вади’а Йад Амана дар шакли нигаҳдории маблағҳои пулӣ ё дигар ашёи қиматнок дар қуттиҳо (сейфҳо) пешниҳод мегардад.
Вади’а Йад Замонат (суратҳисобҳои ҷорӣ) – шартномаи нигоҳдории кафолатнок, ки  аз рӯи шартҳои он бонки исломӣ ҳуқуқ дорад маблағҳои ба вай боваршударо ихтиёрдорӣ кунад ва аз ҷобаҷогузории онҳо фоида ба даст орад.
Хизматрасонӣ аз рӯи шартномаи Вади’а Йад Замонат тариқи кушодан ва хизматрасонӣ кардани суратҳисобҳои пасандозӣ пешниҳод карда мешавад.


Иҷора

Иҷора - тибқи ин шартнома иҷорадеҳ амволашро ба иҷорагир барои ихтиёрдорӣ ва истифодаи муваққатӣ дар мӯҳлати мувофиқашуда бар ивази иҷорапулӣ медиҳад. Хусусиятҳои фарқкунандаи аҳди иҷораи исломӣ аз иҷораи (лизинг) анъанавӣ инҳоянд:
- дороӣ ҳангоми бастани аҳд бояд моликияти иҷорадеҳ бошад;
- хавфи нуқсонҳои техникӣ ба зиммаи иҷорадеҳ вогузор мегардад;
- то дастрас гардидани дороӣ ба иҷорагир, аз вай иҷорапулӣ ситонида намешавад;
- аҳд бевосита ҳангоми додугирифти дороӣ баста мешавад;
- иҷорагир ҳангоми корношоям гаштани дороӣ (агар аз вай вобаста набошад) аз пардохти иҷорапулӣ озод мегардад.
Иҷора мунтаҳия биттамлик (гузашти ҳуқуқи моликӣ ба амвол) – яке аз намудҳои шартномаи иҷора мебошад, ки тибқи он иҷорадеҳ ваъда медиҳад, ки пас аз ба охир расидани мӯҳлати шартнома ҳуқуқи моликияти объекти иҷора ба иҷорагир мегузарад.



Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!