Тибқи талаботҳои бонкдории исломӣ, стандартҳои AAOIFI* ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ», таъсиси Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ  (Кумитаи шариатӣ)*, дар сохтори бонкҳои исломӣ шарти ҳатмӣ мебошад. Бонк наметавонад ҳамчун бонки исломӣ фаъолият кунад, агар дар сохтори ташкилӣ ва идории он чунин Кумита созмон дода нашуда бошад.
Яъне маълум шуд, ки барои ба сифати бонки исломӣ фаъолият кардан, бонк бояд низоми самараноки идории ҷавобгӯи меъёрҳои шариатро бо назардошти сохторҳои дахлдори он (Шӯъбаи аудити шариатӣ, комплаенси шариатӣ ва ғайра) ба роҳ монад.
Бинобар ин,  Тавҳидбонк барои риояи талаботҳои қонунҳои ҷорӣ, шаръӣ ва таҷрибаи пешрафтаи бонкдории исломӣ дар сохтори худ чунин Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломиро созмон додааст.
Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ – мақоми идории бонк буда, масъули қабули қарорҳои дахлдор оиди масоили шаръӣ мебошад.
Кумита вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

  • ҳаллу фасли масоили марбут ба риояи талабот, меъёрҳо ва принсипҳои шаръӣ, дар фаъолияти амалиётӣ бастани аҳдҳо ва қабули қарорҳо ;
  • ташхис ва мутобиқатсозии қарорҳои қабулшаванда ва қабулшуда дар мавриди аҳду қарордодҳои басташуда ба меъёрҳои шаръӣ ва стандартҳои AAOIFI;
  • тасдиқи шаръӣ ва додани фатво барои маҳсулотҳо, тарофаҳои хизматрасонӣ, амалиёт ва аҳдҳо;
  • муайянсозии санаду меъёрҳои дохилибонкӣ;
  • идоракунӣ вамуайянсозии самтҳои истифодаи маблағҳои хайриявӣ;
  • таъмини риояи принсипҳои адолатнокӣ дар тақсими фоидаву зарар ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳо;
  • машварат ва баёни масоили марбут ба ҳалолу ҳаром;
  • дигар ваколату салоҳияте, ки Шӯрои нозирон ба Кумита вогузор намудааст.

Талаботҳои функсионалӣ, сохторӣ ва идории бонкҳои исломӣ аз бонкҳои анъанавӣ фарқ мекунад. Дар таркиби сохтори бонкҳои анъанавӣ Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ  (Шӯрои шариатӣ)ва сохторҳои дахлдори он вуҷуд надорад.
Шурои нозирони Бонк ва вазифаҳои он:
Шӯрои нозирон ин мақоми олии идории Бонк буда, дар доираи ваколатҳои худ бо риояи талаботҳои қонунгузории ҶТ оинномаи Бонк ва низомномаи худ фаъоляит карда, қарорҳои дахлдор оиди масъалаҳои тиҷоратӣ ва амалиётии Бонк тавассути ҷаласаҳояш қабул менамояд.
* Стандартҳои AAOIFI - стандартҳои Ташкилоти баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит барои институтҳои молиявии исломӣ, ки ба меъёрҳои ҳуқуқии шаръӣ асос ёфта, нисбат ба хизматрасониҳои бонкӣ татбиқ мегарданд.
** Кумитаи шариатӣ – ин сохтор аслан Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ буда, дар дигар бонкҳои исломӣ метавонад ҳамчун Кумитаи шариатӣ номгузорӣ карда шавад.

Шӯрои нозирони бонки исломӣ мақоми идорӣ буда,масъули қабули қарорҳои дахлдор оиди масоили стратегӣ, тиҷоратӣ ва амалиётӣ мебошад.
Шӯрои нозирон дорои ваколатҳои зерин мебошад:

  • муайян намудани ҳадафҳои Бонк ва дурнамои он;
  • муқаррар намудани сиёсати дохилӣ ва сармоягузорӣ, низоми назорати дохилӣ ва меъёрҳои одоб, тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои дохилии танзимкунандаи Бонк, ки тасдиқи онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти Шӯрои нозирон марбут дониста шудааст;
  • бо пешниҳоди Раёсати Бонк тасдиқ намудани нақшаҳои корӣ ва молиявӣ, буҷетисолонавабизнес-нақшаиБонк ва ҳисоботи ҷорӣ оид ба иҷрои онҳо;
  • тасдиқ намудани пешакии ҳисоботи солона, ҳисоботи солонаи муҳосибавӣ, аз он ҷумла ҳисобот оид ба фоида ва зарари Бонк, инчунин тақсими фоида ва зарари Бонк аз рӯи натиҷаҳои соли молиявӣ;
  • муайян намудани сиёсати Бонк дар бобати маблағгузорӣ, бастани шартномаҳои маблағгузорӣ, барориши коғазҳои қиматнок, додани замонатҳо, кафолатҳо ва аккредитивҳо;
  • муқаррар намудани нархи (баҳои пулии) молу мулк, нархи паҳн кардан ва бозхариди коғазҳои қиматнок дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • муқаррар намудани стандартҳои идоракунии хавфҳо ва ҳадди ақали меъёрҳои мақбули дохилӣ;
  • нигаҳдории низоми мувофиқу босамари назорати дохилӣ, инчунин мониторинги самарабахши низоми назорати дохилии аз тарафи Раёсат амалишаванда;
  • таъсис додани Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ, таъин намудани аъзои он ва муайян кардани шартҳо ва андозаи музди меҳнати онҳо;
  • дар ҳолатҳои зарурӣ барои ҳалли масъалаҳои мушаххас таъсис додани кумитаҳо дар назди Шӯрои нозирон аз ҳисоби аъзои Шӯрои нозирон ва ё кормандони Бонк ва мутахассисони берунӣ;
  • ҳалли масъалаҳои дигаре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Шӯрои нозирон вогузор шудаанд.

Тавофути сохторӣ:
Яке аз фарқиятҳои бонкҳои анъанавӣ аз бонкҳои исломӣ– ин фарқияти сохторӣ мебошад. Дар таркиби сохтори ташкилӣ ва идории бонкҳои исломӣ дар баробари Шӯрои нозирон мавҷудияти Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ (Кумитаи шариатӣ) шарти ҳатмӣ буда, бидуни чунин мақомот дар сохтори бонк, бонк ҳамчун бонки исломӣ эътироф намешавад.
Тибқи қонунгузории амалкунанда ва талаботҳои Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ бо қарори Шӯрои нозирон дар сохтори бонк ташкил карда мешавад ва зертобеъи он мебошад. Аммо новобаста аз чунин зертобеият Кумита дар баррасӣ ва қабули қарорҳои дахлдор оиди риояи меъёрҳои шаръӣ мухтору мустақил мебошад. Яъне зертобеъяти Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ дар назди Шӯрои нозирони бонк зертобеияти нисбӣ мебошад.
Дар сохтори ташкилӣ ва идории феълии ҶСК “Тавҳидбонк” Шӯрои нозирон ва Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ созмон дода шудааст, ки ин ду мақом фаъолияти худро мутобиқ сохтаанд ва дар доираи салоҳияту ваколатҳои худ муносибатҳои кориро миёни ҳам ҳамоҳанг месозанд.
ҶСК “Тавҳидбонк – нахустин таҷрибаи табдилдиҳии бонки анъанавии амалкунанда ба бонки исломӣ дар ҷумҳурӣ буда, собиқаи худро надорад. Роҳбар ва аъзоёни Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломии ҶСК “Тавҳидбонк” тавассути озмуни озоди баналмилалӣ интихоб ва таин карда шудаанд. Озмун бо истифодаи васеъи шабакаҳои иттилоотии глобалӣ ва бо истифода аз таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ гузаронида шуд. Тамоми раванди баргузории озмун ва интихоби номзадҳои салоҳиятнок бо машварат ва дастгирии Корпоратсияи рушди бахши хусусӣ (ICD) амалӣ карда шуд.
Сохтори Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ:
Сохтори Кумита аз Роҳбар ва ду аъзо иборат буда, ба ҳайси Роҳбари Кумита Муҳаммад Акрам бин Лалдин Ректори академияи байналхалқии тадқиқотҳои молия исломӣ (ISRA) ва профессори маркази таъсисёбии молияи исломӣ (INCEIF) таъин гардид, ки, айни замон боз дар 16 Кумитаҳои бонкҳои исломии давлатҳои гуногун аъзо мебошад. Роҳбари Кумита масъул аст, ки фаъолияти самараноки Кумитаро таъмин намуда, назорати иҷрои қарорҳои қабулшудаи Маҷлиси умумии саҳмиядорон ва Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои ба салоҳияти Кумита тааллуқдоштаро амалӣ намояд.
Аъзоёни дигари Кумита Шоев Маҳмадрузӣ Аскарович ва Мироқилов Хуршед Ҳамзаевич дар вазифаҳои гуногуни соҳаи бонкдории исломӣ кор ва фаъолият намуда, таҷриба ва дониши кофӣ доранд ва дорои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (сертификат, диплом) мебошанд.


Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!