https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10

Ҳамёни мобилии TAWHID PAY дорои сертификати  шариатии Маркази Бонкдории Исломӣ ва иқтисодии “Алҳудо” гардид

Ҳамёни мобилии TAWHID PAY дорои сертификати шариатии Маркази Бонкдории Исломӣ ва иқтисодии “Алҳудо” гардид

Санаи 27.08.2021с. дар ш.Дубай, АМА рӯйдоди фараҳбахш бо иштироки Раиси Маркази бонкдории исломӣ ва иқтисодии “Алҳудо” ҷаноби Муҳаммад Зубайр Мугал ва Раиси Раёсати ҶСК “Тавҳидбонк” ҷаноби Зардов Ш.Д. ба вуқуъ пайваст, ки барои ҳар як корманди Бонки мо хотирмон хоҳад монд. Сертификати мутобиқатии ҳамёнии мобилии Tawhid-Pay ба принсипҳои шариатӣ аз тарафи Раиси Маркази бонкдории исломӣ ва иқтисодии “Алҳудо” ҷаноби Муҳаммад Зубайр Мугал ба Раиси Бонк Зардов Ш.Д. тақдим гардид. Қобили тазаккур аст, ки ҳамёни мобилии Tawhid-Pay тӯли се моҳ мавриди ташхиси шариатии Маркази бонкдории исломӣ ва иқтисодии “Алҳудо” қарор гирифта буд. Бешубҳа дорои сертификати дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофшуда гардидани ҳамёнии мобилии Tawhid-Pay аз ҷавобгӯй будани он ба меъёрҳои қабулшуда дар бонкдории исломӣ шаҳодат дода, дар таҷрибаи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон бесобиқа ва аввалин маротиба дониста мешавад. Маркази бонкдории исломӣ ва иқтисодии “Алҳудо” (AlHuda CIBE) - номи шинохта дар соҳаи бонкдорӣ ва молияи исломии ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, беш аз 15 сол аст, ки бо гузаронидани тадқиқотҳо, пешниҳоди хизматрасониҳои муосири машваратӣ, машварати шариатӣ, чопу нашри мақолаҳо, доир намудани конфронсу чорабиниҳо, ташкили семинару тренингҳо ҷиҳати такмили донишу малакаи кормандони соҳаи бонкдории исломӣ тавассути усулҳои гуногуни дар ҷаҳон эътирофшуда дар самти рушди маҳсулоти молиявии исломӣ, молияи хурди исломӣ, такафул ва ғ. машғул мебошад. Қароргоҳи асосиаш дар ш.Дубай, АМА мебошад. Маркази бонкдории исломӣ ва иқтисодии “Алҳудо” то кунун дар беш аз 35 кишвари ҷаҳон барои рушди бонкдории исломӣ ва молия хидмат намудааст. Маълумоти бештарро дар бораи “Алҳудо” (AlHuda CIBE) метавонед тавассути сомонаи www.alhudacibe.com дастрас намоед.
30.08.2021

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10