https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10

Боз як рӯйдоди хурсандибахши Тавҳидбонк

Боз як рӯйдоди хурсандибахши Тавҳидбонк

Муштариёни азиз, пас аз ба итмом расидани таъмири бинои ҷадиди ҶСК “Тавҳидбонк” , мо фаъолияти худро аз ин бинои наву замонавӣ оғоз намудем. Акнун ҶСК “Тавҳидбонк” дар кӯчаи академик Назаршоев, воқеъ дар рӯ ба рӯи муҷассамаи Ғалаба (Танка) ҷойгир буда, фаъолияти худро дар ин макон идома хоҳад дод. Ин тағйирот барои муассисаи мо чандон осон набуд. Чуноне, ки ҳамаи мову шумо медонем, кӯчидан аз як макон ба макони дигар, ҳамеша мушкилоти зиёдеро ба бор меорад. Аз он ҷумла тозаю озода намудани бино пас аз таъмир, ҷойгир кардани мебелҳо ва асбобу анҷоми лозима, тақсимоти утоқҳо ва ғайраро метавон ном бурд. Хушбахтона ин душвориҳоро мо ба хубӣ паси сар намудем ва ин сарсониҳо натавонист ба фаъолияти бонки мо халал ворид созад. Баръакс ин тағйирот ба ҳамкорони мо рӯҳияи баланд, масъулиятшиносӣ, дарки заҳмату талошҳои роҳбарият ва фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмиро фароҳам овард. Бонк барои мо натанҳо макони фаъолият балки ҳамчун хонаи дуввум маҳсуб меёбад, ки мо дар он бештари вақтамонро сарф мекунем,тарзи бонкдории навинро бештар меомӯзем, ҳадафҳою вазифаҳо мегузорем ва барои пешниҳоди хизматрасониҳои хубу мусоид баҳри Шумову наздиконатон сайъ мекунем. Мо Шуморо дар бинои ҷадиди ҶСК “Тавҳидбонк”, аввалин бонки Исломии Тоҷикистон интизорем.
29.09.2020

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10