https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10

Cуратҳисоби махсуси бонкии ҶСК “Тавҳидбонк” барои пешгири аз COVID-19

Cуратҳисоби махсуси бонкии ҶСК “Тавҳидбонк” барои пешгири аз COVID-19

Инсоният дар тӯли таърихи ҳастии худ мудом ба мушкилоту офатҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавад. Дар муқобили ин офатҳо ва мушкилот – инсонҳо бо ҳам муттаҳид гашта алайҳи онҳо  муборизаи шадид бурда, бо хости Аллоҳ пирӯз мешаванд. Зеро:

Бани Одам аъзои якдигаранд
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд
Чу узве ба дард оварад рӯзғор
Дигар узвҳоро намонад қарор
Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ
Нашояд ки номат ниҳанд одамӣ

Бо мақсади дастгирии моддиву молиявии мардуми кишвар, муассисаҳои тиббии кишвар ва гирифторони вабои корона ҶСК “Тавҳидбонк” суратҳисоби махсуси бонкии зеринро кушода дар он маблағҳои пардохти фитри рӯза ва закоти моли Саҳомон, кормандон ва муштариёни бонкро ҷамъ оварда бо қарори Шӯрои шариатии Бонк барои харидории маводҳои доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва дигар маводҳои лозимаи муассисаҳои тиббӣ ва гирифторони вируси корона тибқи меъёрҳои шариат муқарраркарда равона месозад.
Ҳамчунин аз дигар шаҳрвандон ва корхонаҳои ватанию хориҷӣ даъват менамоем, ки агар майли пардохтҳои хайриявӣ, фитри рӯза ва закоти молашонро тавассути аввалин бонки исломии кишвар дошта бошанд метавонанд саҳмгузор бошанд.
Новобаста аз ҳаҷми маблағ ба ҳар як саҳмгузоранда сертификати пардохти закоти мол бо тамоми мушаххасоти истифодаи он маблағ дода мешавад.
08.05.2020

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10