https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10

Донишҳои молиявӣ + Технологияи молиявӣ = Ояндаи бонкдори

Донишҳои молиявӣ + Технологияи молиявӣ = Ояндаи бонкдори

Таҳия ва нашри маҷаллаи “Навиди Тавҳидбонк”-ро ба тамоми мизоҷон, шарикон ва мухлисони Бонк сидқан табрик мегӯям. Мо тасмим гирифтаем, ки ҷиҳати боло бурдани фаҳму дарк ва тафаккури молиявии мизоҷон, шарикон ва шаҳрвандони кишвар роҷеъ ба принсипҳои бонкдории исломӣ ва молияи исломӣ як маҷаллаи электронӣ таҳия ва интишор намоем. Маҷаллаи мазкур аслан ҳамчун як платформаи электронӣ барои баррасӣ сифр масоили иқтисодӣ, молиявӣ ва таҳлилӣ баромад хоҳад кард. Мо нахустин бонки исломиро дар Тоҷикистон таъсис додем ва ният дорем, ки дар як давраи миёнамӯҳлат онро ба яке аз муваффақтарин бонкҳои исломӣ дар минтақа бунёд намоем, то барои муштариён, сармоягузорон, шарикон ва кормандон интихоби беҳтарин гардад ва дар ҳамбастагӣ ба раванди рушди иқтисодиёти воқеии кишвар саҳми босазо гузорем. Дар як давраи кӯтоҳ ҶСК «Тавҳидбонк» бо риоя аз тамоми талаботҳои стандартҳои байналмилалии молиявии исломӣ тавонист ба як Бонки комилан исломӣ мубаддал гардад. Вобаста ба ин дар сохтори ташкилии Бонк Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ бо ҷалби мутахасисон ва олимони соҳаи молия ва бонкдории исломӣ таъсис дода шуд. Имрӯз Тавҳидбонк ҳамчун як бонки рӯ ба афзоиш, даромаднок ва ояндадор маҳсуб ёфта, бизнес модели беназири тиҷоратӣ дар низоми бонкии кишвар мебошад. Бидуни ҳеҷ шакку шубҳа имрӯзҳо тафаккур ва донишҳои молиявӣ арзишмандтар аз дороиҳои молиявӣ гаштаанд. Боварии қавӣ дорам, ки тавассути ин маҷаллаи электронӣ мо метавонем дар болоравии донишҳои иқтисодӣ ва молиявии шарикон, мизоҷон ва мухлисони Бонк саҳмгузор бошем. Бо эҳтиром, Раиси Раёсат Зардов Ш.Д.

Навиди Тавҳидбонк
08.09.2021

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10