https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Имсол низ Паёми навбатии Пешвои миллат чун паёмҳои қаблӣ, пурмуҳтавою пур аз садои ватандорӣ, хештаншиносӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ буд. Сарвари Давлат Паёми имсолаи худро аз истиқрори сулҳу субот ва амнияти пойдори кишвар оғоз намуд, ки бесабаб нест. Зеро авзоъи сиёсии ҷаҳон ва шароити феълие, ҷаҳонро фаро гирифтааст моро водор месозад, ки ҳар як лаҳза шукргузори ин неъмати бебаҳо бошем. Ва барои таҳкими суботу истиқлолияти миллӣ, оромию ободии ватани азизамон Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ, нақлиёт, беҳдошт, барқ, бахши сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ суҳбат намуда, солҳои 2022-2026-ро "Солҳои рушди саноат" эълон карданд.
Аз аввали моҳи июни соли ҷорӣ 20 дарсад боло бурда шудани маоши кормандони бахши маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷавӣ, инчунин стипендияии донишҷӯён таъкид гардид. Бо пешниҳоди Пешвои миллат, ҳамчунин соли оянда ҳаҷми нафақаи маъюбон 50 дарсад боло бурда мешавад.
Сарвари давлат дар қатори дигар соҳаҳои муҳими мамлакат, ба соҳаи илму маориф ва сиёсати давлатии ҷавонон диққати махсус дода, оиди дастоварду комёбиҳо ва иҷрои саривақтии барномаҳои давлатии қабулшудаи соҳа ибрози андеша намуданд.
Паёмҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро водор месозад, ки дар раванди созандагию бунёдкорӣ саҳмгузор бошем, ва ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем.
21.12.2021

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10