https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10

Рушди муносибатҳои байнибонкии ҶСК “Тавҳидбонк” бо бонкҳои Федератсияи Русия

Рушди муносибатҳои байнибонкии ҶСК “Тавҳидбонк” бо бонкҳои Федератсияи Русия

Дар Сарбонк санаи 28-уми ферали соли 2020 вохӯрии Раиси Шӯрои нозирон Ширинзода А. ва Раиси Раёсати ҶСК “Тавҳидбонк” Зардов Ш.Д. бо роҳбарияти ҷамъияти саҳомии бонки тиҷоратии “Солидарность»-и Федератсияи Русия баргузор гардид. Мақсад аз баргузории ин мулоқот ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи байнибонкӣ ва васеъ намудани хизматрасониҳои мутақобилаи судманд буда, қадамҳои нахустин ҳанӯз моҳи ноябри соли 2019 дар ш.Маскави ФР, ки намояндагони ҶСК “Тавҳидбонк” бо сафари корӣ ташриф намуда буданд, гузошта шуда буд. Қайд намудан ба маврид аст, ки дар вохӯрии соли гузашта доир ба муносибатҳои нави муросилотӣ аз ҷумла кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ бо доллари ИМА, Рубли русӣ ва Сомонӣ дар ҳар ду Бонкҳо гуфтушунидҳо анҷом дода шуда буд ва дар ҳоли имрӯз корҳо дар ин самт идома дошта ҳуҷҷатҳои зарурӣ мавриди баррасии ҳар ду ҷониб қарор доранд. Дар рафти мулоқот аз ҷониби меҳмонон чунин пешниҳод гардид, ки 25% муҳоҷирони ФР-ро ҳамватанҳои мо ташкил медиҳанд ва дар ФР Маркази гуногунсоҳавии муҳочират фаъолият дорад, ки метавон хизматрасониҳои гуногунҷанбаро бо истифода аз ин Марказ ба роҳ монд. Тарафҳо ба тавофуқ омаданд, ки дар ин самт Гурӯҳи корӣ аз намояндагони ҳар ду ҷониб таъсис дода шуда дар кӯтоҳтарин мӯҳлат пешниҳоди хизматрасониҳоро барои муҳоҷирон баҳри дастрасии осон ба роҳ монанд. ҶС БТ “Солидарность” аз соли 2002 қайди давлатиро гузашта Шаҳодатномаи иштирокчии низоми суғуртаи пасандозҳоро соли 2004 ба даст овардааст. Узви Иттифоқи бонкҳои вилояти Самара ва яке аз калонтарин ташкилотҳои қарзии минтақаи Волга аст ва дар байни бонкҳои пешрафтаи минтақавии Русия мавқеи устувор дорад. Саридораи он дар Самара ҷойгир аст ва дар вилояти Самара шабакаи пешрафтаи минтақавӣ дорад, филиалҳо ва филиалҳои Бонк дар Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Иркутск, Благовещенск ва Владивосток кор мекунанд. Бонк ба зиёда аз 4000 корхонаи хурд ва миёна ва ба 160 000 мизоҷони хусусӣ хизмат мерасонад. Он маркази протсессингии худро дорад ва мунтазам шабакаи минтақавии хизматрасониро барои дорандагони кортҳои бонкӣ васеъ менамояд. Суратҳисобҳои муросилотии Бонк бо ташкилотҳои молиявии дараҷаи аввал ва хориҷӣ кушода мешаванд.
03.03.2020

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10