https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10

Семинари омӯзишӣ

Семинари омӯзишӣ

Семинари омӯзишӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм Дар робита ба амалӣ намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ин самт бо дастури бевоситаи Раиси Раёсати ҶСК «Тавҳидбонк» дар Сарбонк ва филиалҳои Бонк семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуда истодааст. Чунончӣ, рӯзӣ 4 феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи ҶСК “Тавҳидбонк” аз ҷониби сардори Хадамоти мониторинги молиявӣ ва комплаенс семинари омӯзишӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (минбаъд - МҚД/МТ) барои кормандони Бонк баргузор гардид. Дар рафти семинар ба ҳозирин баромадҳои махсус оид ба талаботи қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод карда шуда, тавсия дода шуд, ки тибқи ин талаботҳо онҳо масъалаи босифат ва саривақт расонидани хизматрасониҳои амалиётҳои бонкӣ ба шаҳрвандон, риояи ифшои сирри бонкӣ, таҳти назорати доимӣ қарор додани руйхатҳои шахсони алоқаманд ба терроризмро мавриди назорати доимии хеш қарор диҳанд. Дар навбати худ аз ҷониби иштирокчиён саволҳо доир ба мавзӯи семинар пешниҳод карда шуданд, ки ба саволҳои онҳо аз ҷониби мутахассисон – баромадкунандагони семинар ҷавобҳои мушаххас манзур карда шуд. Бояд қайд намуд, ки баргузор намудани чунин семинарҳо барои рушди низоми пешгирии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мусоидат намуда, ба тақвияти кор дар ин ҷода дар Бонк ва филиалҳои он ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои номатлуби ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта, пешгирии шомилшавии ҷавонон барои гаравидани онҳо ба ҳар гуна равияҳои номатлуб ва маблағгузории терроризм мусоидат менамояд.
11.02.2020

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10