https://www.traditionrolex.com/10
https://www.traditionrolex.com/10

ҶСК “Тавҳидбонк” барои ишғоли вазифаҳои холии зерин озмун эълон менамояд.

ҶСК “Тавҳидбонк” барои ишғоли вазифаҳои холии зерин озмун эълон менамояд.

Ҷои кор: ҶСК "Тавҳидбонк" шаҳри Душанбе

Вазифа: Сардори Хадамоти аудити дохилӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
•дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ, ҳамчунин дорои таҳсилот дар соҳаи фаъолияти бонкии исломӣ ва собиқаи кории на камтар аз сесола аз рўи ихтисос дар сохторҳои иқтисодии низоми бонкӣ ё таҳсилоти дигари олӣ ва собиқаи кории на камтар аз даҳсола дар низоми бонкӣ;
•донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
•доштани таҷрибаи корӣ дар Ширкатҳои байналмилалии аудиторӣ ва ё аудити бонкӣ аз ҷумла собиқаи корӣ дар вазифаҳои роҳбарикунандаи воҳиди пешниҳодшуда афзалият дорад;
•доштани сертификати касбии соҳаи аудит ва ҳисобдорӣ (CIPA, CPA, CIA, ACCA ва ғ.) бартарият аст;
•донистани стандартҳои байналмилалии касбии аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
•доштани маҳорати баланди идоракунӣ, салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
•доштани таҷрибаи кофии ҳамкорӣ бо аудиторони берунӣ;
•маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
•малакаи кор дар компютер, донистани MS Office -(Word, Excel, Power Point)- ҳатмӣ;
•донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, англисӣ афзалият дорад.

Вазифа: Сармутахассиси Хадамоти аудити дохилӣ (2 - ҷой)

Талабот ба номзад:
•дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ, ҳамчунин дорои таҳсилот дар соҳаи фаъолияти бонкии исломӣ ва собиқаи кории на камтар аз сесола аз рўи ихтисос дар сохторҳои иқтисодии низоми бонкӣ ё таҳсилоти дигари олӣ ва собиқаи кории на камтар аз даҳсола дар низоми бонкӣ;
•донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
•таҷрибаи корӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ба сифати: аудитор, таҳлилгар, мутахассиси хавф, мутахассис оид ба комплаенс афзалият дорад;
•донистани стандартҳои байналмилалии касбии аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
•тартиб додани ҳисоботи аудит ва таҳияи тавсияҳо;
•истифодабарии боэътимоди бастаи MS Office (малакаи кор дар компютер: аз ҷумла Microsoft Power Pivot, Microsoft Power View, Power Query афзалият дорад);
•шаҳодатномаҳо дар соҳаи фаъолият (аудит, баҳисобгирии муҳосибӣ, назорати дохилӣ, идоракунии хавфҳо, мутобиқат) бартарият аст;
•донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ, англисӣ афзалият дорад.

Маълумотномаи шахсӣ (бо расм) ва қайди вазифаи дархостшаванда бояд ба нишонаи зерин пешниход карда шавад: шахри Душанбе, кучаи. Айнӣ 4/1, (тел.: +992 (44) 600 47 77), ё метавонед ба суроғаи почтаи электронии hr@tawhidbank.tj, m.burieva@tawhidbank.tj на дертар аз соати 17: 00 то сана 31 июли соли 2023.

*Танҳо номзадҳои ба талаботҳо ҷавобгӯй барои даври минбаъдаи озмун даъват карда мешаванд.
07.07.2023

Возврат к списку

Гузоштани дархост

Дархостро пур кунед

Мо ҳатман ба Шумо занг мезанем!
  • Гурӯҳи маҳсулот
  • Зергурӯҳ
  • *Гузоштани файлҳои номбар шуда ҳатми аст!
https://www.traditionrolex.com/10